Home Uncategorized КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «РУШД ВА ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИ ФИЗИКА ДАР СОЛҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ», БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «РУШД ВА ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИ ФИЗИКА ДАР СОЛҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ», БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

by usto
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «РУШД ВА ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИ ФИЗИКА ДАР СОЛҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ», БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамкасбони гиромиқадр!

Шуморо барои иштирок дар кори конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи

«РУШД ВА ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИ ФИЗИКА ДАР СОЛҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ»,

бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки

25-26 августи 2023 с.

дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват менамоем.

Бахшҳои илмӣ-ташкилотӣ:
– Рушди илмҳои физикӣ ва техникии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ
– Нақши илми физика дар ҷомеаи муосир
Бахшҳои илмӣ:
– Физикаи назариявӣ, системаҳои динамикӣ
– Физикаи атмосфера, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои об
– Муҳитҳои конденсӣ, маводшиносӣ, нанотехнология ва маводи нав
– Масъалаҳои энергетикаи таҷдидпазир ва ғайрианъанавӣ
– Нурҳои кайҳонӣ, физикаи ядроӣ ва технологияҳо
– Физикаи тиббӣ ва биологӣ

Забони кории конференсия:
тоҷикӣ, русӣ, англисӣ
Маводро барои конференсия ба суроғаи зерин ирсол намоед:
phti.tajikistan@gmail.com
Муҳлати ирсоли маводҳо:
то 20-уми августи 2023 с.
Макони баргузории конференсия:
Душанбе, хиёбони Айнӣ, 299/1 – Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Шакли иштирок дар конференсия:
ҳузурӣ, фосилавӣ

Иштирокчиёни конференсия:
– Олимону мутахассисони самтҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии кишвар
– Ҳамватаноне, ки дар соҳаи физика дар хориҷи кишвар фаъолият мебаранд
– Олимони соҳаи физика аз кишварҳои хориҷӣ (хоҳишмандон ва бо даъват)
– Намояндагони соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносии кишвар (хоҳишмандон)

Телефонҳо барои маълумот:
Х.Р. Раҳмонов – А.Р. Мукумов – С.Ф. Одинаев
(+992) 938249292 – (+992) 988255388 – (+992) 938013201

Маълумоти муфассал:
Мактуби иттилоотии якум

0 comment

Related Articles