Home Uncategorized ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – АСОСИ РУШДИ ИЛМ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – АСОСИ РУШДИ ИЛМ

by usto
ВАҲДАТИ  МИЛЛӢ – АСОСИ  РУШДИ  ИЛМ

Чунин буд мавзуи ҷаласаи умумии кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар маҷлисгоҳи асосии институт баргузор гардид.

Дар ҷаласаи умумиии кормандони институт дастовардҳои дар замони осоишта ҳосилшуда муаррифӣ шуданд, оғоз аз бунёди озмоишгоҳҳои муосири таҳқиқоти падидаҳои иқлимӣ то ба таҳқиқоти хосиятҳои маводи нанокомпозитӣ.

Муҳите, ки дар он шахси босавод ва боҳунару бофарҳанг арзи вуҷуд ва рушд карда метавонад – танҳо фазои сулҳу оромӣ аст. Алоқамандии фазои сулҳу оромӣ бо рушди системавии илму технология далели таърихӣ мебошад. Аз ин лиҳоз ва бо дарназардошти чолишҳои нави ҷаҳони муосир бармеояд, ки ба пуррагӣ фаро гирифтани насли наврас ва ҷавонон бо таълиму тарбияи босифат, равона намудани захираҳои кишвар ба рушди илму технологияҳои муосир ҳамчун самти муҳими стратегӣ ва умуман тарғибу ташфиқи саводнокӣ махсусан саривақтӣ ва муфид мебошад.

Бинобар он, барои ҳифзу пойдории ин неъмати бебаҳо ва ҳосилаи олии тафаккури инсонӣ, мо, аҳли кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доимо кўшиш менамоем, ки дар қатори ҳар як фарди созандаи ҷомеа ва фарзандони фарзонаи ватан-модари ягонаи мо, баҳри ояндаи неки кишвар, тамоми ҳастии хешро барои рушди илму техника ва фарҳангу маданияти бунёдии миллати тоҷик равона намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати соҳибилм, созанда ва маорифпарвар ба мардуми ҷаҳон боз ҳам бештару возеҳтар муаррифӣ намоем.

26-УМИН СОЛГАРДИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК БОШАД ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

0 comment

Related Articles