Home Табрикоти солинавии Раёсати ИФТ ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ

Табрикоти солинавии Раёсати ИФТ ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ

by usto

ҲАМКОРОНИ ГИРОМИҚАДР

Соли нави 2020 муборак!

Шуморо бо фарорасии Соли нави 2020 самимона табрик намуда, ба Шумо ва аҳли хонадонатон қабл аз ҳама сиҳатӣ ва саломатӣ, муваффақиятҳо дар соҳаи илму таълим, таҳқиқот, ихтироъкорӣ, кашфиётҳои наву тоза ва баракату саодати рӯзгорро таманно дорем. Бигзор дар соли нави омадаистода кулли орзуҳои неки дар дил парваридаатон амалӣ гарданд.
Соли ҷорӣ 55-умин соли фаъолияти Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 45-умин соли фаъолияти олимон-физикони шуравӣ ва ватанӣ дар Бинои Институт мебошад. Аз соли таъсисёбӣ дар лабораторияҳо ва озмоишгоҳҳои Институт бо тадқиқоту таҷрибаҳои олимону муҳандисон ва меҳнати ҳаррӯзаи кормандони ободкори мо масъалаҳои муҳими илми физика, хоҷагии халқ ва коркарду татбиқи техника ва технологияҳои нав дар саноати кишвар баррасӣ, таҳқиқ ва ҳал карда мешаванд.
Дар соли нави омадаистода ба ҳамаи Шумоён мӯҳтарам ҳамкорон ва дар симои Шумо ба ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ файзу баракати рӯзгорро орзу карда, саломатӣ, некбахтӣ, комёбиҳои назаррас ва идомаи анъанаи неки миллии мо – бунёду ободкорӣ ва ҳимояи сулҳу суботи кишварро хоҳонем.
Бори дигар
ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ 2020 МУБОРАК БОШАД,
ҲАМКОРОНИ ГИРОМИҚАДР!