Home Uncategorized НИШАСТИ ФАННӢ РОҶЕЪ БА НИЗОМҲОИ РАҚАМИИ НАЗОРАТ ВА МУДИРИЯТ БАРОИ РЕАКТОРҲОИ ТАҲҚИҚОТӢ

НИШАСТИ ФАННӢ РОҶЕЪ БА НИЗОМҲОИ РАҚАМИИ НАЗОРАТ ВА МУДИРИЯТ БАРОИ РЕАКТОРҲОИ ТАҲҚИҚОТӢ

by usto
НИШАСТИ ФАННӢ РОҶЕЪ БА НИЗОМҲОИ РАҚАМИИ НАЗОРАТ ВА МУДИРИЯТ БАРОИ РЕАКТОРҲОИ ТАҲҚИҚОТӢ

(3-6 июли соли 2023, АБНА, Вена, Австрия)

Рӯзҳои 3-6 июли соли 2023 аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) дар ш.Вена (Австрия) ҷаласаи техникӣ оид ба системаҳои мониторинг ва назорати рақамии реакторҳои тадқиқотӣ баргузор шуда истодааст. Ба ин чорабинӣ олимону мутахассисони ҷавони кишварҳои узви АБНА даъват шудаанд. Аз ин ҷумла, котиби илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Ҳ.Р.Раҳмонов.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маҳорати иштирокчиёни ҷавони чорабинӣ дар соҳаи рақамикунонии системаҳои назорат ва идоракунии технологияҳои реакторӣ, инчунин табодули таҷриба оид ба ҷанбаҳои техникӣ ва идоракунии тадқиқот, лоиҳаҳои реакторҳо (ҳам бо модернизатсия ва ҳам тарҳрезӣ ва сохтмони иншооти дахлдор), ки ба системаҳои рақамӣ ва идоракунӣ алоқаманданд.

Дар муҳити рақобати имрӯза рақамисозӣ барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани равандҳои илмӣ-истеҳсолӣ муҳим шудааст. Ин ба ташкилотхо, аз ҷумла ба институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ имкон медихад, ки ба шароитҳои зуд тағйирёбанда ва эхтиёҷоти истеҳсолот мутобиқ шаванд, равандҳои худро барои баланд бардоштани самаранокӣ ва ҳосилнокии меҳнат мутобиқ намоянд.

Хотиррасон мекунем, ки дар Институти физикаю техниаи ба номи С.У.Умарови АМИТ дорои реактори таҳқиқотии Аргус-ФТИ мебошад, ки ҳамагӣ дар ду нусха истеҳсол шудааст. Дар ҳолати ҳозира, дар институти мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳо марҳила ба марҳила корҳои барқарорсозии реактори таҳқиқотӣ бо мақсади истеҳсоли маводи радиофарматсевтӣ барои ташхиси бемориҳои онкологӣ, инчунин гузаронидани тадқиқот ва кори таҷрибавӣ оид ба таҳлили нейтронӣ-активатсионӣ идома доранд.

Дар баробари ин, якҷо бо ҳалли техникӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ҷавони илмии ватанӣ дар соҳаи физикаи ядроӣ низ яке аз масъалаҳои мубрам мебошад. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии раванди омода намудани кадрҳо ва такмили ихтисоси физикони ҷавон мунтазам тадбирҳо меандешад.

Иштироки олими ҷавони институт дар чунин чорабинии муҳим бо дастгирии Ҳукумати кишвар, инчунин мусоидати Академияи миллии илмҳо ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ имконпазир гардид.

ЭЗОҲ:
АБНА (Агентии байналмилалии нурӯи атомӣ, мухтасар АБНА) созмони байналмиллалӣ буда, тибқи қарори СММ аз 4 декабри соли 1954 таъсис ёфтааст, ҷузъи низоми СММ буда, салоҳияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи осоиштаи энергияи атомиро амалӣ менамояд. Бо ин мақсад дар агентӣ мунтазам вохӯриҳои техникӣ, конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ бо иштироки мутахассисони ҷавони даъватшуда аз кишварҳои узви АБНА гузаронида мешавад. Қароргоҳи марказӣ – Маркази байналмилалии Вена мебошад, ки дар ш. Вена ҷойгир аст.

0 comment

Related Articles