Home Uncategorized Натиҷаҳои ташрифи ҳайати олимони Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Институти физикаю техникаи ба номи. С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Натиҷаҳои ташрифи ҳайати олимони Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Институти физикаю техникаи ба номи. С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

by usto
Натиҷаҳои ташрифи ҳайати олимони Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Институти физикаю техникаи ба номи. С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Чӣ тавре, ки қаблан қайд карда будем, 21 ноябри соли ҷорй ҳайати олимон ва мутахассисони соҳаҳои физика, зеҳни сунъӣ, ҳисоббарории зеҳнии додаҳои калон ва амнияти шабакаҳои Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсин (CQUPT)-и Ҷумҳурии Халкии Хитой ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ мутахассисони хориҷӣ дар семинари васеъи илмии институт оид ба технологияҳои “Smart Mind”, “Super Vision”, истифодаи зеҳни сунъӣ барои таҳқиқи шабакаҳои коркарди оптикии маълумот, таҳияи маводҳо барои табдили интеллектуалии рушноӣ, таълими когнитивии бисёрсатҳӣ ва ғ. маърӯза намуданд.

Ёдовар мешавем, ки шиносоӣ бо ин институт дар чаҳорчӯби сафари расмии олимони Ҷумҳурии Халкии Хитой ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сурат гирифта, дар он масъалаҳои таъсиси як маркази муштараки пажӯҳишӣ дар шаҳри Душанбе барои анҷоми таҳқиқот дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, маводшиносӣ ва дар истеҳсолот татбик намудани онҳо муҳокима карда шуданд. Аз ин ҷумла, соҳаҳои умумии қайдшуда зерсоҳаҳои киберамният, технологияҳои блокчейн, зеҳни сунъӣ ва тарҳрезии зеҳнии мавод ва дастгоҳҳои функсионалии оптоэлектрониро дар бар мегиранд.

0 comment

Related Articles