Home Uncategorized Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушд ва дастовардҳои илми физика дар солҳои истиқлолият», бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушд ва дастовардҳои илми физика дар солҳои истиқлолият», бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

by usto
Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушд ва дастовардҳои илми физика дар солҳои истиқлолият», бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаҳои 25-26 августи соли 2023 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушд ва дастовардҳои илми физика дар солҳои истиқлолият», бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

БАРНОМАИ КОНФЕРЕНСИЯ (сабт кардан)

Бахшҳои илмии конференсия самтҳои зеринро дар бар мегиранд:

  • Физикаи назариявӣ, системаҳои динамикӣ
  • Физикаи атмосфера, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои об
  • Муҳитҳои конденсӣ, маводшиносӣ, нанотехнология ва маводи нав
  • Масъалаҳои энергетикаи таҷдидпазир ва ғайрианъанавӣ
  • Нурҳои кайҳонӣ, физикаи ядроӣ ва технологияҳо
  • Физикаи тиббӣ ва биологӣ

Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.

Иштирокчиёни конференсия:

  • Олимону мутахассисони самтҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии кишвар
  • Ҳамватаноне, ки дар соҳаи физика дар хориҷи кишвар фаъолият мебаранд
  • Олимони соҳаи физика аз кишварҳои хориҷӣ (хоҳишмандон ва бо даъват)
  • Намояндагони соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносии кишвар

Барои иштирок дар конференсия зиёда аз 80 мақолаи илмӣ пешниҳод карда шуд, ки аз онҳо Кумитаи тадорукоти илмии конференсия зиёда 60 маърӯзаи дорои навигариҳои илмиро муайян намуда, дар Барномаи кории конференсия ҷой доданд. Маводҳои дигар аз ҷониби муаллифон дар вақти иловагӣ берун аз Барнома пешниҳод карда шуда, аз рӯи натиҷаҳои муҳокимаҳои илмӣ ба маҷмӯаи маводҳо дохил карда мешаванд.

Муаллифони беш аз 10 дарсади гузоришҳои илмӣ ҳамватанони мо мебошанд, ки дар муассисаҳои илмии хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Ӯзбекистон, Португалия, Испания, Ҷопон ва Чин фаъолият мебаранд ва ё аз таҷрибаи илмӣ гузаштаанд.

Ёдрас мешавем, ки дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамасола конференсияҳои илмӣ пайдарпай – дар сатҳи байналмилалӣ (аз силсилаи “Масъалаҳои муосири физика”) ва ҷумҳуриявӣ (бахшида ба Истиқлолияти давлатии кишвар) гузаронида мешаванд. Дар асри технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таъсири коркардҳои илмӣ ба кулли соҳаҳои фаъолияти инсон босуръат меафзояд. Аз ин лиҳоз, масъалахои стратегияи тараккиёти илму техника махсусан мубрам мебошанд. Муҳокимаи оммавии натиҷаҳои илмӣ дар конференсияҳо яке аз ҷузъҳои асосӣ ва заминавии рушди илм ба ҳисоб меравад, ки дар он махсусан олимони ҷавон тайёрии зарурӣ гирифта, аз мактаби босифати илмӣ мегузаранд.

0 comment

Related Articles