Home Uncategorized 32 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди ҳамкории илмии байналмилалӣ дар самти физика

32 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди ҳамкории илмии байналмилалӣ дар самти физика

by usto
32 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди ҳамкории илмии байналмилалӣ дар самти физика

Мо ҳама хуб медонем, ки роҳи рушди кишвар, бо оғози соҳибистиқлолӣ ба таври мустақил дар ибтидо осон набуд. Новобаста ба душвориҳои солҳои 90-ум, ки паёмади пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ба кишвари мо таҳти роҳбарӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки ягонагии сарзамини мо нигоҳ дошта шуда, роҳи рушдро пеш гиранд.

Дар ҷомеаи муосир, дар ин замони пуртазод, асри технологияҳои рақамӣ ва наномаводҳо – яке аз роҳҳои баланд намудани рақобатпазирии соҳаи физикаю техника ва саноати кишвар – ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва пажуҳишҳои дуҷониба бо марказҳои илмии бонуфузи байналмилалӣ мебошад, ки шароити сулҳу субот ва соҳибистиқлолӣ ба ин ҳама имкониятҳоро фароҳам меоранд. Аз ин ҷумла Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ низ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо марказҳои илмии кишварҳои саноатии ҷаҳон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Аз ҷониби дигар, қайд менамоем, ки соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ҳамчун падидаи бунёдӣ дар таърихи инсоният ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун намунаи олии таъмини асосҳои рушди ҷомеаи инсонӣ шинохта ва пазируфта шудааст. Аз ин ҷумла олимону мутахассисони варзидаи миқёси байналмилалии соҳаи физика дар раванди ташриф ба чорабиниҳои илмӣ, ки дар пойтахти кишвар баргузор мешаванд, пайваста оид ба фазои орому роҳатбахши кишвар бо ҳиссиёти хуб ёдрас шуда, пайваста пешниҳоди ҳамкории илмӣ мекунанд. Дар ин маврид, ёдрас менамоем, ки дар конференсияи байналмилалии институт, ки соли 2019 бо иштироки беш аз 50 олими физикдони хориҷӣ аз зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон дар самти таҳлили хосиятҳои пайдоиши чангу ғубори атмосфераи Осиёи Миёна баргузор гардида буд, давоми солҳои минбаъда самараи амалӣ овард. Ин ҳам бошад дастрас ва насб шудани лабораторияи муосири таҳқиқи атмосфера (гранти Донишгоҳи таҳқиқоти тропосферии ба номи Лейбнитси кишвари Олмон) дар соли 2019 дар озмоишгоҳи институт ва насб шудани дуюмин лабораторияи муосири таҳқиқи атмосфера (гранти Донишгоҳи Ланчжоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой) дар соли 2023 дар мавзеи Айвоҷи н.Шаҳритус мебошанд.

Ҳамчунин, институт соли 4-ум аст, ки бо олимони физикдони кишвари Ҷопон дар самти коркард ва синтези маводи нанокомпозитӣ, барои лавҳаҳои офтобии насли нав ва таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда ҳамкории илмӣ ба роҳ мондааст. Аз ин ҷумла давоми ин муддат 8 нафар аз олимони ҷавони институт дар лабораторияҳои илмии Донишгоҳи Ҷопон коромӯзӣ намуданд, ки пурра аз ҷониби маблағҳои грантии ин кишвар дастгирӣ карда шудааст.

Ҳоло бошад зинаи навбатии ҳамкории институт бо Донишгоҳи Ҷопон бобати дар институт таъсис додани лабораторияи муосир  вобаста ба таҳқиқи амалии маводҳои нанокомпозитӣ оғоз шуда, санаҳои 5-10 сентябр ташрифи яке аз олимони шинохтаи Донишгоҳи Васэдаи ш.Токиои кишвари Ҷопон, Аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессори соҳаи физика Т.Ямамото ба институт баргузор гардид. Дар ҷараёни сафар профессор Т.Ямамото бо сатҳи таҳқиқоти илмии соҳаи наномаводҳо ва нанотехнология дар институт ва потенсиали кадрии соҳа – физикдонҳои ҷавони институт шинос шуда, ҳамчунин аз ҷониби мавсуф дар семинари илмии институт оид ба самтҳои таҳқиқоти илмии Донишгоҳи Ҷопон дар соҳаи физика ва ҳамкорӣ бо физикони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ маълумот пешниҳод карда шуд.

Бояд зикр намоем, ки ташрифи профессори Донишгоҳи Ҷопон маҳз дар санаҳои ҷашни Истиқлоли давлатии кишварамон баргузор гардид, ки бори дигар оид ба нуфузи сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Баъзе аксҳо аз ҷараёни ташрифи профессори Донишгоҳи Васэдаи ш.Токио ба институт (6-7 сентябри соли 2023):

0 comment

Related Articles