Home Uncategorized Экспедитсияи “Помир-2023”

Экспедитсияи “Помир-2023”

by usto
Экспедитсияи “Помир-2023”

Потенсиали илмӣ ва хосиятҳои нотакрори атмосфераи Помир яке аз имкониятҳои нодир барои ба қуллаҳои илми ҷаҳонӣ баровардани физикаи тоҷик мебошад. Дар ҳолати корбарии саҳеҳу бунёдӣ барқарор намудани раванди таҳқиқоти нурҳои кайҳонӣ дар истгоҳҳои баландкуҳи Помир то ба сатҳи фаъолияти истгоҳҳои байналмилалӣ – ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ, ҳам илмӣ ва ҳам стратегӣ манфиати назаррас оварда метавонад. Яъне бо ин роҳ аз ҷумла, ҷалб намудани сармояи муодили даҳҳо ва ҳатто садҳо миллион доллари ИМА ва ҳам ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани кишвар ҳамчун яке аз марказҳои таҳқиқоти илми бунёдӣ имконпазир аст. Ёдрас мешаваем, ки айни замон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон соҳаи мазкур ҳамчун яке аз самтҳои ояндадор ва аз ҷиҳати стратегӣ муҳим барои муассисаҳои илмӣ ва олимон дар мавзеъҳои мувофиқи сайёраи Замин истгоҳҳои бақайдгирӣ ва таҳлили нурҳои кайҳонии энергияаашон фавқулбаланд бунёд карда шуда, мавриди истифода қарор дорад. Дар ин қатор истгоҳи илмии эксперименти Тунка (бо ибораи дигар – ТАЙГА) ва Расадхонаи нейтринии Байкали Федератсияи Россия, Расадхонаи таҳқиқи нурҳои кайҳонии Чин бо номи LHAASO дар кӯҳҳои Тибет (4410 м.), истгоҳҳои илмии Ҷопон, Ҳиндустон, кишварҳои Аврупо ва ИМА, комплекси телескопҳои черенковӣ дар кишвари Намибияи Африқои Ҷанубӣ (HESS), системаи телескопҳои коллаборатсияи Ҷопониву Австралиягии CANGAROO, обсерваторияҳои Джемини, Ла-Силя, Лас-Кампанас, Паранал, силсилаи антеннаҳои панҷарагии фосилаи миллиметрии  ALMA-и кишварҳои Аврупо, ки дар биёбони Атакамаи кишвари Чили бунёд намудаанд ва дигаронро қайд намудан мумкин аст.

Дар  минтакаҳои баландкӯҳи водиҳои фаррохи кӯҳҳои Помири Шарқӣ бошад боришоти миёнаи солона тақрибан 60 мм буда, дар фасли тобистон хеле паст аст (моҳҳои июл-август то ба 0 мм). Ҳанӯз аз давраи Иттиҳоди Шуравӣ Помири Шарқиро – биёбони баландкӯҳ меномиданд. Зеро бо шарофати хусусиятҳо хоси динамикаи атмосферии минтақаи Помир боришоти асосӣ дар қисматҳои ғарбт ва ҷанубу ғарбии он ба вуҷуд омада, атмосфераи қисмати шарқии Помир бештар хушк (дар сояи боришотӣ) мемонад. Яке аз сабабҳои иқлими хушки Помири Шарқӣ қаторкӯҳҳои меридионалӣ мебошад, ки дар ҳудуди Помиру-Олой селҳои намноки ҳавоии қабатҳои баланди атмосфериро ба худ мегиранд, ки дар илм ҳамчун – эффекти боздоштани боришот низ маълум аст. Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки водиҳои баландкӯҳи Помири Шарқӣ дар миқёси Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун хушктарин минтақа шинохта шудаанд, ки барои гузаронидани таҷрибаҳои илмии таҳқиқи нурҳои кайҳонӣ ва мушоҳидаҳои ҳодисаҳои кайҳонӣ астроиқлими нодирро пешниҳод менамояд.   

Бояд зикр намоем, ки рушди соҳаи таҳқиқи нурҳои кайҳонӣ ва ба таври самаранок истифода бурдани потенсиали илмии баландкуҳҳои Помир барои баланд баровардани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва рушди илму саноати ҷумҳурӣ ба таври воқеӣ муосидат менамояд.

Зеро дар гузаштаи наздик олимони физикдони кишвар дар ҳамкорӣ бо олимони бурунмарзӣ исбот карданд, ки потенсиали илмии кӯҳҳои Помир дар сатҳи ҷаҳонӣ нуфуз дорад. Ёдрас мешавем, ки соли 1975 дар мавзеи Ақ-Архари н.Мурғоби ВМКБ камераи рентгено-эмулсионии масоҳаташ 1000м2 бунёд гардид ва то интиҳои фаъолияти ИҶШС бо бақайдгирии заррачаҳои энергияашон фавқулбаланд физикаи ядроии Тоҷикистон ва умуман илми тоҷик ба сатҳи байналхалқӣ баромад. Солҳои 1990-1992 муайян гардид, ки дар истгоҳи Ак-Архар супероилаи «Тоҷикистон» бо энергияи таъсироти мутақобилаи заррачаҳои нурҳои кайҳонӣ дар сатҳи 1018 эВ ба қайд гирифта шуд (30 сол қабл аз кори  Коллайдери калони адронӣ ва миллион маротиба баландтар аз энергияҳои зарраҳои он). Ин ҳодиса дар таҷрибаи ҷаҳонӣ энергияи баландтарини таъсироти мутақобилаи заррачаҳо ба ҳисоб меравад, ки тариқи камераҳои рентгено-эмулсионӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳоло бошад технологияи бақайдгирии нурҳои кайҳонӣ хеле рушд кардааст, тағйир ёфтааст ва мукаммал шудааст. Ҳар як кишвари рушдкардаи ҷаҳон кӯшиш менамояд, ки методҳои муосири таҳқиқи нурҳои кайҳониро ба роҳ монад.

Соли ҷорӣ санаҳои 8-20 август, гурӯҳи олимону муҳандисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), ки ҳайати онро бештар муҳаққиқони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ (ИФТ) ва Маркази байналмилалалии илмӣ-таҳқиқотии Помир-Чақалтой (МБИТ ПЧ) ташкил медиҳанд, бо дастгирии Раёсати АМИТ ба экспедитсияи илмӣ ба пойгоҳҳои илмии баландкӯҳи бақайдгирӣ ва таҳқиқи нурҳои кайҳонии ноҳияи Мурғоби ВМКБ барои гузаронидани таҳқиқот дар экспедитсияи илмии “Помир-2023” иштирок намуданд. Мақсади асосии экспедитсияи илмии мазкур дар асоси имкониятҳои ҷорӣ аз гузаронидани мониторинги радиатсионии маҳал (бештар ченкунии гамма-афканишот, назорати афканишоти нейтронӣ ва таҳлили спектрометрии намунаҳои хоку оби мавзеъҳои истгоҳҳои илмӣ) ва ҳамчунин омода намудани маълумотҳо барои таҳияи лоиҳаи пойгоҳи муосири бақайдгирӣ ва таҳқиқи нурҳои кайҳонӣ иборат мебошад.

Экспедитсияи соли ҷорӣ 9-умин чорабинии АМИТ дар ин соҳа мебошад, ки дар пойгоҳҳои илмии баландкӯҳи бақайдгирӣ ва таҳқиқи нурҳои кайҳонии мавзеи Ак-Архар (истгоҳе, ки дар он солҳои 70-90-уми асри гузашта бо технологияи кӯҳна натиҷаҳои ҷаҳонӣ ба даст оварда шудаанд, дар баландии 4360 м а.с.б.), мавзеи Колучкул (истгоҳи ояндадори бунёдшудаистода, дар баландии 4280 м а.с.б.) ва мавзеи Чечекти (истгоҳи кӯҳна (1938), дар баландии 3800 м а.с.б.) таҳқиқот гузарониданд. Дар ин экспедитсия олимону мутахассисони ИФТ ва МБИТ ПЧ масъалаҳои илмии зеринро таҳқиқ намуданд:

  1. Таҳлили гамма-афканишот ва назорати афканишоти нейтронии пасманзари атроф.
  2. Ҷамъоварии намунаҳои репрезентативии хоку об барои гузаронидани таҳлили гамма-спектрометрӣ.
  3. Таҳлили вазъи истгоҳҳо.

Истгоҳи илмии баландкӯҳи асосии экспедитсияи Помир-2023, ки дар он таҳқиқоти асосӣ гузаронида мешавад, истгоҳи мавзеи Колучкул мебошад. Дар ин ҷо аз ҷониби гурӯҳи экспедитсионӣ аз ҷумла пасманзари радиатсионии мавзеъ (интенсивияти гамма-афканишот ва афканишоти нейтронӣ) дар зиёда аз 30 нуқта, то баландии тақрибан 4400 метр муайян карда шуд.

Ҳамчунин, дар экспедитсияи мазкур намунаҳои оби дарёҳои кишвар, ки дар масири экспедитсия буданд барои таҳлил гирифта шуданд.

Пас аз гузаронидани ташхиси гаммаспектрометрӣ нашри натиҷаҳои таҳлили лабораторӣ пешбинӣ мешавад.

Чолишҳои пуршиддати ҷаҳони муосир ҳар як кишварро водор менамояд, ки потенсиали хешро то ҳадди имкон самаранок истифода намояд. Дар ин ҷо қайд кардани потенсиали бузурги таҳқиқоти нурҳои кайҳониро дар паҳноҳои баландкуҳи Помир бори дигар қайд намудан бамаврид аст. Зеро барқарор намудани раванди таҳқиқу бақайдгирии нурҳои кайҳонӣ ба сатҳи байналмилалӣ, физикаи тоҷик ва умуман илми тоҷикро бешубҳа ба сатҳи нав бароварда, миллати тоҷикро ба ҷаҳон бори дигар ҳамчун миллати илмофар шинос менамояд. Он потенсиали илмӣ (дар самти бақайдгирии нурҳои кайҳонӣ) ва астроиқлим, ки дар паҳноҳои баланди (беш аз 4000 м) куҳҳои Помир мавҷуд аст, дар ҳақиқат нодир мебошад.

Аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баҳри рушди соҳа пайваста бо марказҳои илмии кишварҳои саноатӣ оид ба коркарди лоиҳаҳои ҳамҷояи барқарор намудани таҳқиқот дар самти бақайдгирӣ ва таҳлили нурҳои кайҳонии энергияашон фавқулбаланд гуфтушунидҳо идома доранд. Муаммои асосии раванди мазкур зарурати сармояи назаррас мебошад, ки дар ин масъала ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъала идома доранд.

Аксҳо аз ҷараёни экспедитсияи илмии Помир-2023

Роҳбарони экспедитсия дар макони мутобиқшавии иқлимии АМИТ дар н.Шуғнон – 3525 м а.с.б. (09.08.2023)
Мавзеи Ак–Архар: Ангар.
Мавзеи Чечектӣ: 3800 м а.с.б., 12.08.2023
Мавзеи Колучкул: 4280 м а.с.б., 12-17 августи соли 2023
Раванди бақайдгирии гамма-афканишот, назорати мавҷудияти афканишоти нейтронӣ ва гирифтани намунаҳои реперзентативӣ дар баландии 4280 – 4400м а.с.б. дар мавзеи Колучкули ноҳияи Мурғоби ВМКБ

0 comment

Related Articles