Home Uncategorized Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Омилҳои нав дар физикаи ҳолатҳои конденсӣ: интиқоли квантӣ, маводҳои нав ва технологияҳои пешсаф»

Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Омилҳои нав дар физикаи ҳолатҳои конденсӣ: интиқоли квантӣ, маводҳои нав ва технологияҳои пешсаф»

by usto
Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Омилҳои нав дар физикаи ҳолатҳои конденсӣ: интиқоли квантӣ, маводҳои нав ва технологияҳои пешсаф»

4-6 октябри соли 2021 бо ташаббуси Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, баргузории Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Омилҳои нав дар физикаи ҳолатҳои конденсӣ: интиқоли квантӣ, маводҳои нав ва технологияҳои пешсаф» ба нақша гирифта шудааст. Дар чорабинии мазкур иштироки олимони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷаи дур пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла маърузаҳои олимони хориҷӣ аз кишварҳои ИМА, Итолиё, Изроил, Қазоқистон, Олмон, Озарбойҷон, Туркия, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Эрон дар назар дошта шудааст. Тибқи нақшаи асосии конференсия муҳокимаи муаммоҳои илмӣ аз ҷумла дар самти падидаҳои топологӣ дар маводҳои хурдмиқёсӣ, нимметалҳои Дирак ва Вейл, оптикаи квантӣ ва нанофотоника, маводҳои нави табдили термоэлектрикии энергия, маводҳои функсионалии хурдмиқёсӣ ва дигар самтҳои ҷадиду мубрами соҳаи физикаю техника баргузор хоҳанд шуд. Бо сабабҳои маҳдудиятҳои пандемӣ олимону мутахассисони хориҷӣ дастовардҳои илмии хешро тариқи маҷозӣ (онлайн) пешниҳод намуда метавонанд.

Бояд зикр намуд, ки конференсияи мазкур аз ҷониби Маркази байналмилалии физикаи назариявии ба номи Абдус Саломи кишвари Итолиё (https://www.ictp.it/) дастгирӣ шудааст. Ёдрас мешавем, ки маркази мазкур таҳти сарпарастии Ташкилоти махсуси СММ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO) ва Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (IAEA) амал намуда, мақсади асосии он – мусоидат намудан ба тараққиёти илм дар кишварҳои рушдкардаистода мебошад.

Институт ҳамчунин ба Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ба нақшаи чорабиниҳои илмӣ ворид намудани конференсияи байналмилалии мазкур ва ба Раёсати Ҷамъияи физикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои машваратҳои муҳими ташкилотӣ ва ҳамдастӣ миннатдории худро баён менамояд.

Дастовардҳои муосири илми ҷаҳонӣ меҳвари асосии рушди ҷомеаи имрӯза ва асоси тараққиёти иқтисодиёт ва баланд баровардани сатҳи иҷтимоии ҳаёти мардуми ҷаҳон мебошанд. Дар кишвари мо тӯли 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ шароитҳои хуб барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, таълиму таҳсил аз ҷумла дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ фароҳам оварда шудаанд. Чорабиниҳои ҳамҷояи илмӣ бо олимону мутахассисони физикдони марказҳои илмии бонуфузи хориҷӣ барои боз ҳам баланд шудани сатҳи таҳқиқоти бунёдии илмӣ дар кишвар ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд муҳим буда, амалан яке аз сарчашмаҳои асосӣ ва ивазнашавандаи ғояҳои созандаи рушди интенсивии илму истеҳсолот ва иқтисодиёти ҷаҳони имрӯза мебошанд.

0 comment

Related Articles